14Аммо вақте ки харобазори нафратангезеро дар ҷое мебинед, ки он набояд бошад (бигзор хонанда бифаҳмад, ки ин чӣ маъно дорад), он гоҳ онҳое, ки дар Яҳудия ҳастанд, бояд ба кӯҳистон гурезанд.15Агар касе дар болои бом бошад, барои гирифтани чизе поён нафарояд ва ба хона надарояд.16Агар касе дар саҳро бошад, барои гирифтани ҷома ҳам барнагардад.17Вой бар ҳоли заноне, ки он рӯзҳо ҳомиладор хоҳанд буд ва модароне, ки кӯдаки ширхор хоҳанд дошт!18Пас дуо кунед, ки ин ҳодиса ба зимистон рост наояд.19Зеро дар он айём чунон мусибате рӯй медиҳад, ки аз замони дунёро офаридани Худо то ба ҳол чунин нашуда буд ва дигар ҳаргиз нахоҳад шуд.20Агар Худованд он рӯзҳои мусибатро кӯтоҳ намекард, дар рӯи замин ягон инсон зинда намемонд. Вале ба хотири интихобкардагонаш Худованд он рӯзҳоро кӯтоҳ кардааст.21Агар ҳамон вақт касе ба шумо гӯяд, ки „Ана, Таъиншудаи Худо дар ин ҷост“ ва ё „Нигоҳ кунед, Ӯ дар он ҷост“, ба суханонаш бовар накунед.22Зеро одамоне пайдо мешаванд, ки худро бардурӯғ Таъиншудаи Худо ва пайғамбар меноманд ва чунин мӯъҷизаҳову аҷоибот нишон медиҳанд, то ки агар шавад интихобшудагони Худоро гумроҳ кунанд.23Инак, бохабар бошед. Ана Ман ҳамаашро ба шумо пешакӣ гуфтам.
Омадани Фарзанди Инсон
24Дар ҳамон рӯзҳо, баъд аз он мусибатҳо,офтоб тира мегардад ва моҳ дигар равшанӣ намедиҳад,25ситораҳо аз осмон поён меафтанд ва ҳама чиз дар осмон ба ҷунбиш меояд.26Он вақт мардум Фарзанди Инсонро мебинанд, ки болои абрҳо бо қудрату ҷалоли бузург меояд.27Ӯ фариштаҳояшро мефиристад, то интихобкардагонашро аз чор тарафи дунё ва аз тамоми гӯшаву канори замину осмон гирд оваранд.
Масал дар бораи дарахти анҷир
28Аз дарахти анҷир ибрат гиред. Ҳамин ки шохаҳояш муғча карда барг бароварданро сар кунанд, шумо аниқ медонед, ки ба қарибӣ тобистон меояд.29Ҳамин тавр, вақте мебинед, ки ин ҳодисаҳо ба амал меоянд, донед, ки вақт наздик, дар дами остона аст.30Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ҳанӯз одамони ин насл аз олам нагузашта, ҳамаи ин ҳодисаҳо ба амал меоянд.31Замину осмон нест мешаванд, аммо гуфтаҳои Ман то абад мемонанд.
Маълум набудани рӯзу соати омадани Фарзанди Инсон
32Лекин кай фаро расидани он рӯз ё он соатро ғайр аз Падар касе намедонад: на фариштаҳои осмон на Писар.33Пас, ҳушёру бохабар бошед, зеро намедонед, ки он вақт кай фаро мерасад.34Ин монанди он аст, ки марде ба сафар рафта, барои ҳар як хизматгори худ вазифаи махсусе медиҳад ва ба дарвозабон мефармояд, ки посбонӣ кунад.35Пас шумо низ ҳушёр бошед, чун намедонед, ки соҳиби хона кай бармегардад, бегоҳӣ ё нимаи шаб, вақти ҷеғзании хурӯс ё бомдодон.36Мабодо ӯ ногаҳон баргашта шуморо дар хоб наёбад.37Он чӣ ба шумо мегӯям ба ҳама дахл дорад: ҳушёр бошед!»