Эстер10tgk_ibt

Подшоҳ Аҳашверӯш ва Мордахай бузург мегарданд

1Сипас подшоҳ Аҳашверӯш тамоми сарзамин, ҳатто ҷазираҳоидурро ба андоз супоридан водор намуд.2Ҳамаи дастовардҳои калони подшоҳ ва бузургдошти Мордахай, ки шоҳ ӯро ба ин дараҷа расонд, дар Китоби Таърихи Подшоҳони Модай ва Форс навишта шудаанд.3Хуллас, Мордахайи яҳудӣ баъд аз подшоҳ Аҳашверӯш шахси дуввум буд. Вай дар байни яҳудиён одами бузург ҳисоб меёфту байни хешу табораш эҳтироми баланд дошт. Ин аз он сабаб буд, ки ӯ барои манфиати халқаш кор мекард ва барои беҳбудии ҳамаи яҳудиён баромад менамуд.